Вақт марг омад зи раҳмат бар сари болини ман
Талх шуд коми ҳасуд аз мурдани ширини ман
ӯ паии ҷавру ҷафо , ман бар сари меҳру вафо
Ман ба фикри меҳр ӯ , ӯ дар хаёли кини ман
Дилбарии расми вайу ошиқи кашии қонӯни вай
Ошиқии кеши ману ҳасрати кашии ойини ман
Коши он дайри ошно бо ханҷар ояд бар серум
То магар аз дил барояд ҳасрати дерини ман
Танги шукри талхи ком аз хандаи ширин ӯ
Гулбунтар сурх рӯй аз гиряи рангини ман
Чун зи саҳни гулистони гулҳои рангин ме диҳад
Тоза мегардад ҷироҳоти дили хунини ман
Дӯш бӯседам лаби нӯшин он маро ба хоб
Хоб ширин чист таъбири шаби дӯшини ман
Гуфтам аз неши ҷудои ҷони ман бар лаб расед
Гуфт саҳласт ар шабии бӯсии лаби нӯшин ман
Гуфтам оҳанг ҷунун дорад дилам , хандид ва гуфт
Боядаш занҷир кард аз турраи мишкӣни ман
Гар фурӯғӣ дидан хубон набӯдӣ дар назар
Ҳеҷ оламро надидӣ чашми олами байни ман