Танг шуд аз ғами дили ҷой ба ман

Як дил ва ин ҳамаи ғами вой ба ман

Қатлам имрӯз нашуд то чаҳ кунад

Ҳасрати ваъдаи фардоӣ ба ман

Нақд ҷон додам ва як бӯсаи надод

Оби лаби лаъли шкрхоӣ ба ман

Дар муҳаббат чаҳ татовул ки накард

Он сари зулфи чилипоӣ ба ман

Нест рӯзӣ ки балое нарасад

Зон қаду қомату болой ба ман

Нафасӣ нест ки оташ назанад

Шуълаи ишқи саропоӣ ба ман

Дар гузаргоҳи вай аз касрати халқ

Баста шуд роҳи тамошоӣ ба ман

Дар ғами ишқ фурӯғӣ нарасед

Шодӣ аз гулшани саҳроӣ ба ман