Савоби ман ҳама шуд айни рӯи сиёҳии ман

Ки хоҷа дар ғазаб омад з бе гуноҳии ман

Фиғон ки давр фитодам зи кӯии моҳўшӣ

Ки дар гадоӣ ӯ буд подшоҳии ман

Ба ҷурм бегунаҳӣ киштӣам хушо рӯзӣ

Ки ғамзаи ту даройад ба узрхоҳии ман

Тавон шинохт ки ман дардманди ишқи туам

На ашки сурху рухи зарду ранги коҳии ман

зи куштагони ғамат чун гувоҳ ме талабанд

Гувоҳ ман набӯд ғайр бе гувоҳии ман

Ба ғайри теғ паноҳам намонад ва май пурсам

Ки раҳм дар дилат ояд з бе паноҳии ман

Саҳар ба куштанам аз дар даромадии сармаст

Магӯ надошт асари оҳи субҳгоҳии ман

Нарехт то ба замини хӯни поки бозон ро

Ба хӯн далер нашуд дилбари сипоҳии ман

Сазад фурӯғӣ агар каҷи кулоҳ ман гуяд

Ки фитна рост шуд аз фари каҷи кулоҳии ман