Дилҳо фитода дар паии он дил рибо бибин
Султони зи пешу лашкараши андар қафо бибин
Шукри гадои он лаби шкрФшони нигар
Анбари ғуломи он сари зулф дўто бибин
Бар холи чеҳраи зулфи каҷашро нигуни нигар
Болои донаи ҳалқаи дом бало бибин
Хаташ нишаста бар зибри лаъл нӯш ханд
Дар зери сабзаи чашмаи об бақо бибин
Бегонаи шӯи зи хайли парии пайкарони шаҳр
Вонгаҳи зи чашм ӯ нигаҳ ошно бибин
Даст ар надоди саҷдаи миҳроби абрӯяш
Дасти дуо бар ору мурод аз дуо бибин
То муштарӣаст бар сари бозори маҳвашон
Ҷинс вафо биору баҳояш ҷафо бибин
Бедардро чигуна мудово кунад табиб
Дард аз худо бихоҳу хавос аз даво бибин
Оҳии равон ба кишвар билқис карда ам
Пайки сабои равонаи шаҳр сабо бибин
Аз бода сурх шуд ҳамаи рухсори зарди ман
Ҷомӣ банушу хосият кимиё бибин
Хоҳӣ ки аз кудурати кунин вораӣ
Софии дилони майкадаро бо сафо бибин
Дар пешгоҳи хоҷаи мушфиқ навишта анд
Кин ҷо хато биор ва ба ҷояш ато бибин
Дар чашми шоҳи сӯрати айни алии нигар
Дар айни нури маънии нур худо бибин
Зилли илоҳи Носириддини шаҳ ки моҳ гуфт
Меҳраш ба дил бигиру фурӯғ ва зё бибин
Дар бӯстони фурӯғӣ аз ашъор худ бихон
Ваон гоҳи шӯри булбули дастон саро бибин