Гар хӯни ман зи шишаи бирезад ба ҷом ӯ
Лаб бар надорам аз лаби ёқӯти фом ӯ
Бо ман сухани зи лаъли равони бахш ёр кун
Оби ҳаётро чаҳ кунад ташнаи ком ӯ
Як умри талх ком нишастам ки оқибат
Ҳарфӣ шунидам аз лаби ширини калом ӯ
Кори маро ба ним нигоҳаш тамом кард
Бингар чаҳ мекунад нигаҳи нотамом ӯ
Гар воъизони ҳадис қиёмат шунида анд
Ман дидаам қиёмати худ дар қиём ӯ
Даст касе ба нуқра хомаш наме расад
Ҷонам бсухт дар сари савдои хом ӯ
Дастӣ ки дил бар он сари зулфи ду то кашид
Аз ман кашида дасти фалаки интиқом ӯ
Моро бубахш агар ба кашокаш фитода ем
Каз иштиёқ дона надидем дом ӯ
Ошиқ намекашад қадам аз раҳгузори дӯст
Гар афъии газанда буд зери ком ӯ
Ҳаргизи ҳумо ба авҷ саодат наме расад
То аз пай шараф нанишинад ба бом ӯ
Гаштанди муттафиқи ҳамаи хубони рӯзгор
Он гуҳ заданд сиккаи шоҳӣ ба ном ӯ
Доне ки чист ҳолати дарвешу подшоҳ
Гар бенгарӣ ба фақри ману эҳтишом ӯ
Дар аҳди шоҳи назми фурӯғӣ низом ёфт
Ёрб ки мустадом бимонад низом ӯ
Шамси алмулуки носрдини шаҳ ки рӯзи бор
Шоҳон ситодаанд ба сафи салом ӯ