Гар на аз куштани ушшоқ ба танги омада Эй
Пас чаро бар сари эшон ба диранги омада Эй
Хона пардохтаам то ту зи ҷои хостаҳ Эй
Сипар андохтаам то ту ба ҷанги омада Эй
Панҷаи ишқи қавии панҷа набардаст гуҳӣ
Магари он ҳавсилае каши ту ба чанги омада Эй
Гавҳари мақсади соҳиби назаронеи лекин
Дар дами афъӣ ва дар коми наҳанги омада Эй
Ашки рангини басӣ аз дида фишонд абри баҳор
То ту эй шохи гули тоза ба ранги омада Эй
Кофаронро расад ар хӯн мусулмон резанд
То ту зебои санам аз шаҳри фаранги омада Эй
Охир аз нола ба ҷое нараседӣ эй дил
Ҳамаи ҷои шишаи сифат бар сари санги омада Эй
Пай ба манзил мақсӯд нахоҳӣ бурдан
Ту ки дар бодия бо мураккаби ланги омада Эй
Кӣ тавон номи туро баради фурӯғӣ дар ишқ
Каз сари кӯй батон зинда ба нанги омада Эй