Чун хок мешавад ба раҳати ҷони поки мо
Бигзор нихват аз сар ва бигузар ба хоки мо
ё раб ки доман ту нагирад ба рӯзи ҳашар
Хӯнӣ ки рехтии зи дили чоки чоки мо
Дардо ки ҳеҷ дар дили сахтат асар накард
Ашки равону оҳи дили дардноки мо
То кӣ ки бо хаёли ту дар хок ме кунем
Хами хона маст мешавад аз файзи токи мо
Дил шуд шарики ғуссаи мо дар тариқи ишқ
Ғайрат агар баҳам назанад иштироки мо
Дидем рӯй қотили худро ба зери теғ
Сармояи саломат мо шуд ҳалоки мо
То такя кардаем фурӯғӣ ба лутфи дӯст
Аз хасмӣ фалак набӯд ҳеҷ боки мо