эй ки ҳам оғӯши ёри ҳури сириштӣ

Айш абад кун ки дар миёни биҳиштӣ

Соҳиби ин ҳасанро сазад ки бигӯед

Моҳи фалакро , ки мо баем ва ту зиштӣ

Дили зи ту ғофил нагашт як нафас аммо

Ҳам нафасаш дар тамом умр нагаштӣ

Хӯни ғизолони каъбаи рехтаи чашмат

Чун ту надидам санам , ба ҳеҷ кнштӣ

Лозим ишқ омад он ҷамол , худо ро

Ошиқ бечораро , ба ҷурм чаҳ киштӣ

Аз ғами ишқат чаҳ ҷомаҳо ки даридам

Вази паии қатлам чаҳ номаҳо ки навиштӣ

Хстӣу дармон хастагон нанамудӣ

Киштӣ ва бар хок куштагон нагузаштӣ

Вой бар он дил ки дарди ишқи надодӣ

Ҳайф бар он ҷон ки доғи шавқи нҳштӣ

Тухми муҳаббати барии надоди фурӯғӣ

Дона беҳосил аз барои чаҳ киштӣ