Гирди маи хати сияҳи кори надорӣ , дорӣ
Рӯзи равшан ба шаби тори надорӣ , дорӣ
Санъати дилкаш Довӯд ндонӣ , доне
Зира аз турраи таррори надорӣ , дорӣ
Зулфро доми дил овез насозӣ , созӣ
Фикри дилҳои гирифтори надорӣ , дорӣ
Сафи дилҳо ҳама аз тир надузӣ , дузӣ
Хами абрӯии камони дори надорӣ , дорӣ
Хӯни мардуми ҳама бар хок нарезӣ , резӣ
Чашми сармасти дили озори надорӣ , дорӣ
Бедилонро ҳама ранҷур нахоҳӣ , хоҳӣ
Ошиқонро ҳамаи бемори надорӣ , дорӣ
Чашми соҳиби назар аз саҳар набандӣ , бандӣ
Чашми афсунгари сҳори надорӣ , дорӣ
Паии хунрезии ушшоқи нкўшӣ , кӯшӣ
Сипаҳи ғамзаи хунхори надорӣ , дорӣ
Бар фалаки тавсан иқбол натозӣ , тозӣ
Бар қамари ақраби ҷаррори надорӣ , дорӣ
Ҷом май аз каф ағёр нанӯшӣ , нӯшӣ
Сар хунхорем эй ёри надорӣ , дорӣ
Бар фурӯғии зи ҷафои теғи ниёзӣ , ёзӣ
Қасди ёрони вафодори надорӣ , дорӣ