эй зулфи ту бар ҳам зани фарзонагии мо
Венаи силсилаи сармояи девонагии мо
Сар бар дами теғ ту ниҳодем ба мардӣ
Кас нест дарин арса ба мардонагии мо
Бо мо нашудӣ муҳаррам ва аз халқи ду олам
Савдоӣ ту шуд иллати бегонагии мо
Он мурғ асирем ба доми ту ки хӯрданд
Мурғони гулистони ғам бе донагии мо
Гуфтам ки касе нест ба бечорагии ман
Гуфто ки бутӣ нест ба ҷононгии мо
Гуфтам ки буд қотили соҳиби назарон , гуфт
Чашмӣ ки буд маншаи мстонгии мо
Олами ҳамаро сӯхт ба як шуълаи фурӯғӣ
Шамъӣ ки буд боиси парвонагии мо