Зиндагӣ бе ӯ надорад ҳосилӣ

Вақтро дарёб агар соҳиби дилӣ

Ишқи Лайлии мӯҷиб девонагӣ аст

Таъна бар маҷнӯн мазангар оқилӣ

Ҳар куҷо каз лаъли ҷонон дам зананд

Ҷон чаҳ бошад , тӯҳфаи ноқобилӣ

То ба осонӣ намирӣ пеши дӯст

Бар ту кӣ осон шавад ҳар мушкилӣ

Воқиф аз сайл сиришкам ме шудӣ

Гар фурӯ мерафт поят бар гулӣ

Нола таъсиӣ надорад дар дилат

Яъне аз дарди муҳаббати ғофилӣ

Гар камол ҳар ду олам дар ту ҳаст

То пай тифлӣ нагирӣ ҷоҳилӣ

Давлати васл батон доне ки чист

Хоҳиши хомӣ , хаёли ботилӣ

Кӯшиш беҷо макун дар роҳи васл

Ҳар замон каз худ гузаштии восилӣ

Бар дараш доне фурӯғӣ чистам

Подшоҳӣ дар либоси соилӣ