Чунин нигор надидам ба ҳеҷ айвонӣ

Чунин баҳор наёяд ба ҳеҷ бастоне

Шикасту баст , дилу дасти шаҳи саворон ро

Чунин савор наёяд ба ҳеҷ майдонӣ

Ҳануз бар сари ман зини шароби мастӣ ҳост

Чунин қадаҳ накашидам ба ҳеҷ давроне

Матоъи меҳру вафоро намехаранд ба ҳеҷ

Чунин матоъ надидам ба ҳеҷ дуконӣ

Дили шикастаи моро наме тавон бастан

Магар ба тори сари зулфи ънброФшонӣ

Чигуна ҷамъ кунам ин дили парешон ро

Гарм мадад накунад турраи парешоне

Кунун ба чораи ранҷури хеш кӯшиш кун

На он замон ки бакӯшӣ ва чора натавонӣ

Ба абрувони зи такаббури ҳазор чин зада Эй

Магар ки ҳоҷиби қасри ҷалоли хоқонӣ

Сутӯдаи носрдини шаҳи насири давлату дайн

Ки чашми чархи шабиҳаши надидаи султонӣ

Қадари варои ҳавояши нахондаи тӯморӣ

Қазои хилоф ризояш надода фурмоне

Фурӯғӣ аз назари подшоҳ рӯй замин

Бар осмони сухани офтоби тобоне