Ману ишқи ту агар куфр ва агар ӣмонӣ
Ману шавқи ту агар нур ва агар ниронӣ
Ману заҳри ту ки ҳам заҳрӣ ва ҳам трёқӣ
Ману дарди ту ки ҳам дардӣ ва ҳам дармонӣ
Ҷилва кун ҷилва ки ҳам моҳӣ ва ҳам хуршедӣ
Бодаи даҳ бода ки ҳам хулдӣ ва ҳам ризвонӣ
Ману нақши ту ки ҳам сӯрат ва ҳам маъное
Ману васли ту ки ҳам ҷонӣ ва ҳам ҷононе
Ман сияҳи рӯзу сияҳи кору сияҳи иқболам
Ту сияҳи зулфу сияҳи чашму сияҳи мижгонӣ
На ҳамин донаи холи ту раҳ одам зад
Каз сари зулфи сияҳи домгаҳи шайтонӣ
Оҳ агар бар дили девона тараҳҳум накунӣ
Ту ки бо силсилаи зулфи абири афшонӣ
Гар дил аз нуқтаи хол ту бинолад на аҷаб
Аҷаб инаст ки дар доираи эмеконе
Магар эй зулфи зи ҳоли дилами огаҳ шуда Эй
Ки парокандау шӯридау саргардонӣ
Гар парешони шӯй аз зулфи парии рухсорӣ
Сӯрати ҳоли фурӯғии ҳама яксар доне