Гар чашми сиёҳашро аз чашми сафои бинӣ
Оҳӯии хатоеро дар айни хатои бинӣ
Атвори татовулро дар турра ӯ ёбӣ
Занҷири муҳаббатро бар гардани мо бинӣ
Бар турра ӯ бигузар то машки хутани ёбӣ
Дар чеҳра ӯ бингар то нури худои бинӣ
Дар роҳ талаб биншин чандон ки хатари ёбӣ
Аз кӯй вафо бигузар чандон ки ҷафои бинӣ
Бо ҳиҷри шикеби шӯ то васли бадасти оре
Бо дард таҳаммул кун то файзи давои бинӣ
Шабгар з ғамаш мерай , чун навбат субҳ ояд
Эъҷози масеҳоро зи анфоси сабои бинӣ
Он ҳури биҳиштии рӯгар ҳалқа кунад гесу
Мурғони биҳиштиро дар доми балои бинӣ
Мутриби суханӣ сар кун зон лаъли лаби ширин
То шӯри ҳарифонро дар базм ба пои бинӣ
Уфтад дилат эй носеҳ чун соя ба дунболаш
Гар сарви фурӯғиро сунбул ба қафои бинӣ