зи васлу ҳиҷри худ осоишу азоби манӣ
Туе ки мояи таскину изтироби манӣ
Ду ҳафтаи моҳу фурӯзандаи офтоби манӣ
зи дафтари ду ҷаҳони фарди интихоби манӣ
Шикастагӣат мабод эй ниҳоли боғи мурод
Чаро ки хостаи дидаи пари оби манӣ
зи сайли ҳодиса ёрб харобяти мрсод
Ки ганҷи хонаи кунҷи дили хароби манӣ
Ман аз балои муҳаббат чигуна пӯшами чашм
Ки аз ду чашми фусунгари балои хоби манӣ
Агар диранги надорӣ ба базми ман на аҷаб
Аз он ки тундтар аз умри пуршитоби манӣ
зи дастат эй ғами ҳиҷрони маро халосӣ ҳаст
Магар ки кайфари аъмоли носавоби манӣ
Гсстгит мабод эй шикастаи зулф нигор
Агар чаҳ офати колои сабру тоби манӣ
Ҳисобат эй шаби ҳиҷрон ба сар наме ояд
Ки рӯзномаи андӯҳ бе ҳисоби манӣ
Ҷуз аз лаби ту фурӯғӣ ҳикоят накунад
Ки зеби дафтару ороиши китоби манӣ