Мӯ ба мӯи доми фиреби дили донои манӣ

Пой то сари паии тасхири саропои манӣ

Ман ҳамон рӯз ки чашмон ту дидам гуфтам

Ки зи мижгони сияҳи фитнаи фардои манӣ

намехӯрам заҳр ба ширинии шукр то ту

Бути ширини даҳану шӯху шкрхои манӣ

Ману шӯри ту ки аз силсилаи зулфи баланд

Ҳамаи ҷои силсилаи дори дили шайдои манӣ

Бо сари зулфи парокандаи биё дар маҷмаъ

То бидонанд ки сармояи савдои манӣ

Чашми бади давр ки аз саф зада мижгони сияҳ

Раҳзани донишу ғоратгари колои манӣ

Гуфтам аз ишқи ту расвои ҷаҳонам то чанд

Гуфт расвои манӣ то ба тамошои манӣ

Сар ҷангаст туро бо ҳамаи ушшоқи магар

Дасти парвардаи дорои сафи орои манӣ

Зодаи Абдуллоҳи фарзонаи фурӯғӣ ки ба баҳр

Гуяд андӯхтаи табъи гавҳари зои манӣ

Неки бахтӣ ки бадви хусрав ховар гуяд

Ки манам чокари дерин ва ту мавлои манӣ