То саросемаи он турра печон нашӯй

Огаҳ аз ҳолат ҳар бесрўсомон нашӯй

Ҷамъӣ аз сӯрати ҳоли ту парешон нашаванд

То зи ҷамъияти он зулф парешон нашӯй

Дастгират нашавад ҳалқаи мишкӣни расанаш

То нигунсор дар он чоҳ занхдон нашӯй

Бахти баргаштаи ?ут аз хоб нахоҳад бархест

То ки афтодаи он саф зада мижгон нашӯй

Дохили силсилаи аҳл ҷунун натавон шуд

То ки аз силсилаи ақл гурезон нашӯй

Қобили ханҷар қотил нашавад ханҷари ту

То ба мардонагии омода майдон нашӯй

То паии нуқта холаш нарӯй чун паргор

Молики доираи олам имкон нашӯй

То наёяд ба лабати ҷони гиромии ҳамаи умр

Комёб аз лаби ҷонпарвар ҷонон нашӯй

Ман ки вола шудам аз дидан он сӯрати хуб

Ту бирав дидаи нигаҳи дор ки ҳайрон нашӯй

Гар туро хоҷа ба хлўтгаҳ хосаш хонд

Бандагиро мада аз даст ки шайтон нашӯй

Тираи бахтии Сикандар ба ту равшан нашавад

То ки маҳрӯми зи сарчашма ҳайвон нашӯй

Ҳаргизи ангушти ту шоиста хотам нашавад

То зи сари панҷаи иқбол сулаймон нашӯй

Гар шӯии моҳи фурӯзон ба фурӯғӣ нарисӣ

То қабули назари анвар султон нашӯй

Нур бахшанда абсори малики носрдин

Ки ба ӯ то нарисӣ меҳр дурахшон нашӯй