Хуррами он ошиқ ки ошӯби дилу дайнаши туе
Кори фармоиши муҳаббат , маслиҳати бениши туе
Шӯриши ушшоқ дар аҳди лаби ширини лабат
эй хушо аҳдӣ ки шӯриши ишқу ширинаши туе
Ошиқ рӯй ту менозад ба хайли ошиқон
Подшоҳӣ мекунад сайдӣ ки сайёдаши туе
Мастии ишқи туро ҳушёрӣ аз дунбол ҳаст
Бар наме хезади зи хоби он сар ки болинаши туе
Гов ҷавлон менаёяд бар замин аз саркашӣ
Пои он тавсан ки андари хонаи зинаши туе
Май барам рашки назарбозӣ ки аз бахти баланд
Дар миёни сарви қадони сарви симинаши туе
Гар баборади ашки гулгуни дидаи ман давр нест
Кин гул рангин диҳад боғӣ ки гулчинаши туе
Бӯстони ҳасанро ёрб хазон ҳаргиз мабод
То баҳори сунбули райҳону насринаши туе
Зиндагии баҳри фурӯғӣ дар муҳаббат мушкил аст
То ба ҷурми меҳрбонӣ бар сари кинаши туе