Умрӣ ки сарф ишқ нагардад битолат аст

Роҳӣ ки рӯ ба дӯст надорад залолат аст

Ман муҷрими муҳаббату дӯзахи фироқи ёр

Воаи дарун ба сидқи мақолам далолат аст

Гирам ба хӯн дида нивисам рисола ро

Касро дар он ҳарим чаҳ ҳад рисолат аст

Дар умри худ ба ҳеҷ қаноат намӯда ам

То рӯзем ба танги даҳонаш ҳўолт аст

Ком ар ба истимолати азу метавон гирифт

Ҳар нолаам аломати сад истимолат аст

Гар сари нуҳум ба пои ту айн саодат аст

Вар ҷон кунам фидои ту ҷой хиҷолат аст

Омад баҳору хотир ман шуд малул тар

Зеро ки боғ бе ту маҳал малолат аст

Гуфтам ки бо ту сӯрати ҳоле баён кунам

Дардо ки ҳоли ишқи бурун аз мақолат аст

Бархез то ба пой шавад рӯзи растхез

Вонгаҳ бибин шаҳиди ғамат дар чаҳ ҳолат аст

Кӣ мекунад қабули фурӯғӣ ба бандагӣ

Фармондиҳӣ ки соҳиби чандин ҷалолат аст