Бинишасту зи рух парда барандохта бархест
Кори ман дили сӯхтаро сохта бархест
Моҳӣаст чу бо талъат афрӯхта бинишаст
Сарвӣаст чу бо қомат афрохта бархест
Пайдост з болидани болои баландаш
Каз баҳри ҳалоки ман дилбохта бархест
Чашмаши паии хӯни рехтани мардуми ҳушёр
Мастӣаст ки бо теғи ситам охта бархест
Афсӯс ки аз анҷумани он моҳи сияҳи чашм
Моро ҳамаи нодида ва нашинохта бархест
Он тарки навозанда ба срҳлқаҳи ушшоқ
Каз хок дараш бо тан нагудохта бархест
То сояи шамшод ту афтод ба бустон
Бар сарви сеӣ дӯди дил фохта бархест
Хандид ба ойӣнаи хуршеди фурӯғӣ
То сафҳаи дил аз ҳама пардохта бархест