Ба ҳар ғамӣ ки расад аз ту хотирам шод аст
Ки бандаи ту зи банди кудурат озод аст
Чигуна пеш ту ноед парӣ ба шогирдӣ
Ки мӯ ба мӯии ту дар илми ғамза устод аст
зи сайли ҳодиса ғам нест мигсорон ро
Ки остонаи майхонаи сахт бунёд аст
Ғами замонаи марои сахт дар миёна гирифт
Биёи фидои ту соқӣ ки вақт имдод аст
Дилӣ ки ҳеҷ фусунгар накард тасхираш
Кунун мусаххари афсуни он парӣ зод аст
Ҳавои сарви баландии фитода бар сари ман
Ки сояаш ба сар ҳечкас науфтода аст
Мазоқи айши маро талх кард ширинӣ
Ки талхи коми лабаши садҳазор Фарҳод аст
Фиғон ки дод зи даст ситамгарӣаст маро
Ки ҳаргизаш натавон гуфт ин чаҳ бедод аст
Шаҳӣ ба хӯни асирони ишқ фармон дод
Ки теғ бар кафи таркони каҷ калла дод аст
Фурӯғӣ аз ситами маҳвашон ба даргаи ишқ
Чаро хамӯш нишинӣ ки ҷой фарёд аст
Ҷаҳони гушои ъдўбнди шоҳи носрдин
Ки теғи аўҳмаҳи дарҳои баста бикшод аст
Сари мулӯки аҷами тоҷдори кашуади ҷам
Ки зот ӯ сабаби дастгоҳ эҷод аст