Он ки лабаши мояи ҳаловат қанд аст
Кош бигӯед ки нархи бӯса ба чанд аст
Дӯши асир касе шудам ки надонам
Тарки Самарқанд ё савор Хуҷанд аст
Аз паии ҷавлон чу бар саманд нишинад
Чашмаи хуршед бар фароз саманд аст
Гар шаб васлаш кашад ба рӯзи қиёмат
Дида ҳануз аз шамоилаши гила манд аст
Пайкари зебо ба зери ҷомаи дебо
Оташ сӯзанда дар миён паранд аст
Ишқи ту то ҳалқа Эй кашид ба гӯшам
Гӯши маро кӣ сари шунидан панд аст
Гар ба фироқи ту зиндаам аҷабӣ нест
Теғи набарди сиррӣ ки пеши ту банд аст
Хол ба рухсора накӯй ту ме гуфт
Чораи чашми бади замона сапанд аст
То сари зулф ту шуд писанди фурӯғӣ
Шеъри баландаш ҳамеша шоҳ писанд аст
Хусрави гардани фарози носрдини шоҳ
Он ки сипеҳраши асири хам каманд аст
Шеърам аз он рӯ баланд шуд ки шаҳаншоҳ
Соҳиби назми бадеъу табъ баланд аст