Як ишорати зи ту бар қатли ҷаҳон бисёр аст
Дар камӣнӣ ки туе тиру камон бекор аст
Ману авсофи ту то шуғли қалам таҳрир аст
Ману таҳсини ту то кори забон гуфтор аст
Бар симини туро аз зари холис нанг аст
Рухи рахшони туро аз маи тобон ор аст
Ошиқ рӯй ту аз сарви чаман дилтанг аст
Сокини кӯии ту аз боғи ҷинон безор аст
Кофари ишқам агар аз паии тасбеҳи рӯм
То ба дастами зи сари зулф батон зуннор аст
Сари моу қадами мғбчаҳи бодаи фуруш
То зи миноӣ майу дайри Муғон осор аст
Равшанат гардад агар холу хаташро бинӣ
Ки чаро рӯзи фироқу шаби ҳиҷрон тор аст
Қимати хотири маҷмӯ фурӯғӣ донад
Ки аз он зулфи парокандаи парешон кор аст