Табиби аҳли дили он чашми мардум озор аст

Вале дареғ ки он ҳам ҳамеша бемор аст

Нигор маст шаробасту муддаии ҳушёр

Фиғон ки дӯст ба хобасту хасм бедор аст

Чигуна дар ғам ӯ даъвӣ вафо накунам

Ки шоҳидами дили маҷрӯҳу чашми хӯн бор аст

Ҳануз қобили ин файз нестам дар ишқ

Вагарна аз паии қатлами баҳона бисёр аст

Паии парастиши худ баргузӣдаам санамӣ

Ки зулфи хам ба хамаши ҳалқаҳои зуннор аст

Нагирам ар сари зулфаш ба ростӣ чаҳ кунам

Ки рӯзгори парешону кор душвор аст

Ба ҳеҷ хонаи нҷстми нишони ҷонон ро

Ки ҷонам аз ҳараму дайр ҳар ду безор аст

Лабаш ба ҷони гарони моя бӯса нафурӯшад

Надонам ин чаҳ матоъ ва чигуна бозор аст

зи сӯзи нолаи мурғи чаман тавон донист

Ки дар муҳаббати гули мӯ ба мӯ гирифтор аст

Фурӯғии он рухи рухшандаи зери зулфи сиёҳ

Таҷаллии маи тобанда дар шаб тор аст