Аз дили сахти ту каз санги сияҳи сахт тар аст
наметавон ёфт ки оҳи дили мо беасар аст
Ману савдои ғаматгар ҳамаи ҷон дар хтрост
Ману хоки қидматгар ҳамаи хӯн дар ҳадар аст
Он ки кард аз ғами ишқи ту маломати мо ро
Иллат онаст ки аз шодии мо бехабар аст
Ба худо каз ту касе қатъи назари натавонад
Зон ки ин ҳасан худо дода барои назар аст
Он ки аз сӯрати хуби ту наме пӯшади чашм
Алҳақ инсоф тавон дод ки аз дил басар аст
Касе аз дасти қазои ҷон ба саломати набард
Магари он тан ки бар теғи муҳаббат сипар аст
Гар ба ҷони бӯсаи фурушади лаби ҷонон саҳл аст
Нафъи худро мада аз даст ки айн зарар аст
Тарк сар кардам ва аз дардисар осӯда шудам
То нгўинд ки савдоӣ батон дардисар аст
Ҳар касе қиблае аз баҳр парастиш дорад
Қиблаи ҷони фурӯғии санами сим бар аст