Тарки чашмаш ки маст ва махмур аст

Хӯни мо гар бирехт маъзӯр аст

Кӯии маъшӯқи арсаи маҳшар

Бонги ушшоқи нағма сувар аст

Хусрави ишқ чун ба қаҳр ояд

Сабри мағлубу ақл мақҳур аст

Ҳама аз зӯрманд дар ҳазаранд

Ман зи сарпанҷае ки безӯр аст

Бо вуҷӯди балои ишқи хушам

Ки зи болой ӯ бало давр аст

Брнёид ба сад ҳазорон ҷон

Аз даҳони ту он чаҳ манзур аст

Гар ба ширини лаби ту ҷон надаҳум

Чаҳ кунам бо сиррӣ ки пар шӯр аст

Ману бахтӣ ки мояи зулмат

Туу рӯе ки чашма нур аст

Май фуруш аз лаби ту вом гирифт

Нашъае кон дар об ангур аст

Достони фурӯғӣу рухи дӯст

Нақли Мӯсоу оташ тавр аст