То дидан он моҳи фурӯзанда маҳол аст

Фирӯзӣам аз ахтари фархунда маҳол аст

То зулфи пароканда ӯ ҷамъ нагардад

Ҷамъияти дилҳои пароканда маҳол аст

То аз ҳамаи ширини даҳанон чашм напӯшӣ

Бӯсидан он лаъли шикарханда маҳол аст

Мушкил ки ба дастам расад он лаъли гуҳари бор

Бар дасти гадои гавҳари арзанда маҳол аст

Гар ишқи ман аз пардаи аён шуда аҷабӣ нест

Пӯшидани ин оташ сӯзанда маҳол аст

Ман дар ҳамаи аҳволи хушам , то ту нагӯйӣ

Каз баҳр касе шодии поянда маҳол аст

Гар хоҷаи мушфиқи бикашад ё ки бубахшад

Алои равиши бандагӣ аз банда маҳол аст

Бишинав ки дами теша чаҳ хуш гуфт ба Фарҳод

Рафтани зи сари кӯии вафо , зинда маҳол аст

Кас дар ақабаши қӯт рафтор надорад

Ҳамроҳии он сарви хромндаҳ маҳол аст

Огоҳ нашуд ҳечкас аз бозии гардун

Огоҳӣ аз ин гунбади гарданда маҳол аст

Сармояи дарёии гарони мояи фурӯғӣ

Бе абри каф хусрав бахшанда маҳол аст

Шаҳи носрдини он ки бар рои мунираш

Тобидани хуршеди дарахшнда маҳол аст