Марг бар болини вҷонон ғофил аст

Ҷони бад-ӣни сахтии супурдан мушкил аст

Синаам маҷрӯҳу захмам корӣ аст

Ҳасратами ҷонкоҳу дардам қотил аст

Ҳар ки донад лиззати шамшери дӯст

Бар ҳалоки хештан мстъҷл аст

Шарбати марг аз барои ошиқон

Сиҳҳати комил , шифоӣ оҷил аст

Аз каманд ишқ натавон шуд халос

Ҷаҳди ман беҷо ва саъйам ботил аст

Ишқи туғёнаш ба ҳаддӣ шуд ки ҷон

Дар миёни моу ҷонон ҳоил аст

Хоки кӯии дӯсти домани гири мост

Вена касе донад ки поиш дар гул аст

Кас ба мақсад кӣ расад аз саъии хеш

Кӯшиши мо сар ба сар беҳосил аст

Ҷони нисор мақдамаш кардам , балӣ

Тӯҳфаи ноқоблон ноқобил аст

Ошиқ оромӣ надорад варна ёр

Мӯнис ҷонасту ором дил аст

Қотилӣ дорам фурӯғӣ каз ғурур

Худ ба хӯн бегуноҳон қойил аст