Шарбатӣ дар ду лаъл ҷонон аст

Ки хаёлаши муфарраҳ ҷон аст

Аз паии қатли мардуми доно

Теғ дар дасти Тифл нодон аст

наметавон ёфтан зи захми дилам

Кин ҷароҳат на кор пайкон аст

Қатл гоҳеаст кӯй ӯ кони ҷо

Захми бедоду теғ пинҳон аст

Дилам аз нолаи шуъла дар хирман

Чашмам аз гиряи хона вайрон аст

Сари зулфӣ чигуна гардад ҷамъ

Ки аз он маҷмаъӣ парешон аст

Чашми умед ҳар мусулмонӣ

Паии он чашм номусулмон аст

Гар ту дармони дарди ушшоқӣ

Дард алҳақ ки айн дармон аст

Манъ зорӣ макун фурӯғӣ ро

Ки гулатро ҳазор дастон аст