Гар боғбони назар ба гулистон кунад ту ро

Бар тахти гули нишонд ва султон кунад ту ро

Гар субҳи дам ба домани гулшан гузар кунӣ

Дасти насим , гул ба сар афшон кунад ту ро

Машриқи ҳазор пора кунад ҷайби хештан

Гар як назар ба чок гиребон кунад ту ро

эй коши чеҳраи ту саҳар бингарад сипеҳр

То қиблаи гоҳи меҳр дурахшон кунад ту ро

Даври фалак ба чашми ту таълим саҳар дод

То чашми банди мардум даврон кунад ту ро

Чун мори захми хӯрда , дил уфтад ба печу тоб

Ҳргаҳ ки ёди турра печон кунад ту ро

Дар ҳеҷ ҳоли хотири мо аз ту ҷамъ нест

Қурбони ҳолатӣ ки парешон кунад ту ро

Бо ҳеҷ кас ба куштани ман машварат макун

Тарсам худо накарда , пушаймон кунад ту ро

Алҳақ сазад ки тарбияти хусрави аҷам

Мейри низоми лашкар Эрон кунад ту ро

Ҷами эҳтишоми Носириддини шаҳ ки Авн ӯ

Ҳам достони рустам дастон кунад ту ро

Донад ҳалоки ҷони фурӯғӣ ба даст кист

Ҳар кас ки сайри наргис фаттон кунад ту ро