Кӣ рафтае зи дил ки таманно кунам ту ро
Кӣ бӯдае наҳуфта ки пайдо кунам ту ро
Ғайбат накардае ки шавам толиби ҳузур
Пинҳон нагаштае ки ҳувайдо кунам ту ро
Бо сад ҳазор ҷилва бурун омадӣ ки ман
Бо сад ҳазор дида тамошо кунам ту ро
Чашмам ба сад муҷоҳидаи ойӣна соз шуд
То ман ба як мушоҳида шайдо кунам ту ро
Болои худ дар оинаи чашм ман бибин
То бо хабари зъолм боло кунам ту ро
Мастонаи кош дар ҳарам ва дайр бигузарӣ
То қиблаи гоҳи муъмин ва тарсо кунам ту ро
Хоҳам шабии ниқоби зи рӯят бар афканам
Хуршеди каъба , моҳ килисо кунам ту ро
Гар уфтад он ду зулфи чилипо ба чанги ман
Чандини ҳазор силсила дар по кунам ту ро
Тӯбоу сидрагар ба қиёмат ба ман диҳанд
Як ҷои фидои қомат раъно кунам ту ро
Зебо шавад ба коргаҳи ишқи кори ман
Ҳар гуҳи назар ба сӯрат зебо кунам ту ро
Расвоӣ олимӣ шудам аз шӯри ошиқӣ
Тарсам худо нахоста расво кунам ту ро
Бо хайли ғамзагар ба всоқм гузар кунӣ
Мейри сипоҳи шоҳи саф оро кунам ту ро
Ҷами дастгоҳи носрдини шоҳи тоҷўр
Каз хизматаши Сикандар ва доро кунам ту ро
Шеърати зи номи шоҳ , фурӯғӣ шараф гирифт
Зебад ки тоҷи торак шуъаро кунам ту ро