Ҳамаи ҷои ҷилваи он соҳиби ваҷҳ ҳасан аст

Ҳамаи каси бастаи он зулфи шикан бар шикан аст

Рухи афрӯхтааш хиҷлати моҳ фалак аст

Қади афрохтааш ғайрати сарв чаман аст

Баҳри қурбонии он чашми сияҳ бояд рехт

Хӯн ҳар оҳӯии мишкӣн ки ба дашт хутан аст

Гар наёрад ба назари сими сиришкам на аҷаб

Зон ки симин бару симини тану симин зқн аст

Тарсам охир наниҳад по ба сари турбати ман

Бас ки дар ҳар қадамаши куштаи хунин кафан аст

То рақиб аз лаб ӯ ком раво шуд гуфтам

Хотами дасти сулаймон ба каф аҳриман аст

На азин пеши тавон бо сухани душмани сохт

На маро бо даҳани дӯсти маҷол сухан аст

Хусрав аз рашки шукри хӯн ба дил ширин кард

То хабар шуд ки чаҳҳо дар назар кӯҳ кун аст

Ҷустам аз хайли араби воқеаи маҷнӯн ро

Лайлӣ аз хаймаи буруни тохт ки маҷнӯн ман аст

Гӯшаи чашм бутӣ зад раҳи дайну дили ман

Нозами ин фитна ки ҳам раҳзан ва ҳам роҳзан аст

Дар ҳама шаҳр шудам шуҳра ба ширини суханӣ

То лабам бар лаби он хусрави ширин даҳан аст

Як таҷаллии ҳамаро сӯхти фурӯғии имшаб

Магари он шамъи фурӯзанда дар ин анҷуман аст