Кори ман то ба зулфи ёр ман аст

Сад ҳазорон гиреҳ ба кор ман аст

Ҳар куҷои рӯзи тирае бинӣ

Дасти пурвирди рӯзгор ман аст

Шодмонӣ ба шдмни арзонӣ

То ғами дӯсти дӯстдор ман аст

Носеҳи тираи дил чунон донад

Ки муҳаббат ба ихтиёр ман аст

Он ки дар ҳеҷ ҷо қарораш нест

Дил бесабр ва беқарор ман аст

Паии Тифлони нӯш лаб гирад

Тифли ашкӣ ки дар канор ман аст

Субҳи маҳшар ки гуфт воъизи шаҳр

Аз пас шоми интизор ман аст

Он қиёмат ки ошиқон хоҳанд

Қомати сарви глъзор ман аст

Маҷлиси орои олами маънӣ

Сӯрати нозаниннигор ман аст

Ман фурӯғии паямбари суханам

Мӯъҷизами назми оби дор ман аст