Шаби ҷудои ту рӯзи вопасин ман аст
Ки нолаи ҳам нафасу гиря ҳам нишин ман аст
Миёни габру мусулмон аз он сарафрозам
Ки зулф ва рӯй ту оёти куфру дайн ман аст
Ба арсае ки даройанд хайли сӯхтагон
Манам ки доғи ту ороиши ҷабин ман аст
Фитода то назарам бар камони абрӯии ту
Чаҳ дидаҳо ки з ҳар гӯша дар камӣн ман аст
Аз он замон ки замини бӯси остони туам
Сари мулӯки ҷаҳони ҷумла бар замин ман аст
Ба тахтгоҳи муҳаббати ман он сулаймонам
Ки исми аъзами ту нақш бар нигин ман аст
Ман он вуҷӯди шарифам ки дар қаламрави ишқ
Каминаи хоки раҳати ҷони нозанин ман аст
Ба шодии ду ҷаҳонаш наме тавон додан
Ғамӣ ки аз ту насиби дили ғамин ман аст
Фурӯғӣ аз шарафи хоки остонаи дӯст
Таҷаллии кафи Мӯсо дар остин ман аст