Нахусти нағмаи ушшоқи фасли гул ин аст
Ки доғи лолаи рухон ба зи боғ насрин аст
Фиғони зи домани боғӣ ки боғбони онҷо
Ҳамеша чашми умедаш ба дасти гул чин аст
Супурдаи марҳами захмами фалак ба дасти маӣ
Ки соҳиби хати хуши буиу хол мишкӣн аст
Алоҷ нест халос аз каманд ӯ варна
зи пой то ба серуми чашми маслиҳат байн аст
Ба аҳди оризи гулгун ӯ биҳамдиллоҳ
Ки кори аҳли назари зи ашки дида рангин аст
Касе ки шаҳд муҳаббат чашида ме донад
Ки талх аз он лаби нӯшин ба таъм ширин аст
Асири он хати сабзам ки мӯ ба мӯ дом аст
Ғуломи он сари зулфам ки сар ба сар чин аст
Ба ҳар куҷо ки манам шуғли ахтарон меҳр аст
Ба ҳар замин ки туе кори осмон кин аст
Саводи зулфи ту маҷмӯъаи шаб ва рӯз аст
Нигоҳи чашми ту ғоратгари дил ва дайн аст
Қади ту вақти равиши рашки сарв ва шамшод аст
Рухи ту зери арақи шарми моҳ ва парвин аст
Фурӯғӣ аз сухани дӯсти лаб наме бандад
Ки нақли маҷлиси Фарҳоди нақл ширин аст