Дар синаи дилати моил ҳар шуъла оҳӣ аст
Дар сими сифеди ту аҷаби санг сиёҳӣ аст
Ҷон аз сари майдони ту берун натавон барад
Каз саф зада мижгони ту ҳар гӯна сипоҳӣ аст
Як бора нишоед з касе чашм бапушӣ
Косўдаҳи дил аз чашми ту гоҳе ба нигоҳӣ аст
Фарёд ки дил дар сари савдои ту мо ро
Андохт ба роҳӣ ки бурун аз ҳама роҳӣ аст
Гар шоҳиди дарди дили ошиқи рух зард аст
Дар даъвии ишқи ту марои турфа гувоҳӣ аст
Аз хати ту меҳри куҳанам тоза шуд имрӯз
Нозами сари хатат ки аҷаби меҳр гиёҳӣ аст
Чун хӯни марои теғи ту ҳар лаҳза наризад
Каз ишқи туам ҳар нафасии тоза гуноҳӣ аст
Ҳаргизи нкшми миннати хуршеди фалак ро
То бар сари ман соя каҷ карда кулоҳӣ аст
Дар кӯй касе ишқ фиканда сет ба чоҳам
Каз ҳар тарафаши Юсуфии афтода ба чоҳӣ аст
Андешае аз фитна афлок надорад
Онро ки зи хок дар май хона паноҳӣ аст
Гӯйанд фурӯғӣ ки мау соли ту чун аст
Дар мамлакати ишқ на солӣ ва на моҳӣ аст