Шоҳи ҷами ҷоҳи каломӣ ки баён фармоед

Аз камоли шарафаши нақши нигин бояд кард

« дили моро з чаҳ рӯи зору ҳазин бояд кард

Ошиқӣ куфр набошад на чунин бояд кард

Бодаи соф ба ёрони куҳан бояд кард

Назари лутф ба ушшоқи ғамин бояд кард

Мо гадоёнро аз даргаи худ давр макун

Ки тараҳҳум ба гадоён ба аз ин бояд кард

Аз бар хастаи дилон чанд ба тундии гузарӣ

Баъд аз ин мураккаби оҳиста ба зин бояд кард

Ин чунин ҳасану латофат ки ту дорӣ то ҳашар

Саҷда бар одаму ҳавво ва ба тин бояд кард

Партав рӯй ту равшан кунад ин олам ро

Пас аз ин рӯй ту бо моҳи қарин бояд кард

Парда аз сӯрати зебои ту бояд бардошт

Моҳи рӯйони ҳамаро парда нишин бояд кард

Ҳамчуи товус чу сармасти хиромӣ дар боғ

Тўтёии мижаро хоки замин бояд кард

Равиши Кебеки дарии дорӣу чашми оҳӯ

Сайди ин қисми шикорӣ ба камӣн бояд кард »