Бе лабати қатъ назар кардаам аз оби ҳаёт

Дорад аз шоми ғамати оби ҳаётами зулмот

Рафт бо дарди вғмти сабру саботам аз дил

Ғаму дарди ту бадал шуд бадали сабру сабот

Шеваи меҳру вафо аз ту наме бояд хост

Чун тавон хости сифотӣ ки набошад дар зот

На чунон бастаи бзнҷири балоят шуда ам

Ки тавонам гузарониди бадали фикри наҷот

Мо фақирем ту султон чаҳ аҷабгар мо ро

Бтрҳм расад аз хирмани ҳасани ту закот

Ончунон сохтаи заъфам ки агар баҳс кунанд

Натавонам ки кунам ҳастӣ худро исбот

Вақт онаст фузулӣ ки зи ғами бози раҳам

Чанд дар ғам гузарад бе рухи ёрами авқот