Ҷонӣ ки ҳаст рустаи зи озор ӯ куҷост
Озода ки нест гирифтор ӯ куҷост
Осӯда ки дошта бошад фароғатӣ
Дар даври ғамзаҳои стмгор ӯ куҷост
Соҳиби дилӣ ки дар дил ӯ нест бори ғам
Дар орзӯии лаъли гуҳарбор ӯ куҷост
Ман нестам фитодаи рафтор ӯ ҳамин
Афтода ки нест зи рафтор ӯ куҷост
Танҳо магӯ ки волаи рухсор ӯ манам
Он кас ки нест волаи рухсор ӯ куҷост
Бепарда ӯст дар ҳамаи ҷои ҷилвагар вале
Чашмӣ ки ҳаст қобили дидор ӯ куҷост
Дил буд ҷои меҳнат бисёр ӯ бсухт
Дар ҳайратам ки меҳнат бисёр ӯ куҷост
Аз ғами дил фузулӣ зораст бе қарор
Ёрб қарори бахши дили зор ӯ куҷост