Ҳар кро ҳаст дилӣ симбрӣ хоҳад дошт
зи ғами симбрии чашм тарӣ хоҳад дошт
Ҳар крои чашм тарӣ ҳаст сараш холӣ нест
Сари савдои бути ишва гарӣ хоҳад дошт
Ҳар кро ҳаст бути ишвагарӣ дар олам
Хӯн фишон чашмӣу хунин ҷгарӣ хоҳад дошт
Ҳар ки хӯни ҷигар аз дида равон ме созад
Беҷиҳат нест баҷое назарӣ хоҳад дошт
Ҳар ки дорад назарӣ бар рухи ёрӣ бе шак
Ҳар дам аз ишқи балоӣ дгарӣ хоҳад дошт
Ҳар балое ки з ишқаст дарав завқӣ нест
На блоиист ки бо мо зарарӣ хоҳад дошт
Ғофил аз оҳ фузулӣ машав эй бе парво
Ки зи сӯз ҷигараст ва асарӣ хоҳад дошт