Чанд манъам кунӣ аз ишқи ҷавонон эй шайх

Нестам Тифли фиребам буд осон эй шайх

Ҳукми манъ аз маи рухсор ҷавонон нашудаст

Магари огаҳ нае аз маънии қуръон эй шайх

Бар дили зори ман озори ҷавонон кам нест

Ту ҳам аз таъна бисёр маранҷон эй шайх

На бахуд май кашами айёми ҷавонӣ май ноб

намедиҳад панди марои гардиши даврон эй шайх

Рухи зебои писарони қиблаи аҳл назар аст

Ҳар ки бовар накунад нест мусулмон эй шайх

Хез то касби ҷавонии з меноб кунем

Чанд монем чунин перу парешон эй шайх

эй фузулии матлаби тарки ҳавои писарон

Нест осон ки касе бугзарад аз ҷон эй шайх