Бхоки пои ту то тарк сар нахоҳам кард

Ҳавои кокулат аз сар бадар нахоҳам кард

Қазо ки ишқи туам ёд дод ме донист

Ки ғайри ишқи ту кор дигар нахоҳам кард

Чунон зи дасти ғамат хок кардаам бар сар

Ки рӯзи ҳашари сар аз хок бар нахоҳам кард

Мапурс ҳоли дил хастаам табиб ки ман

зи рози хеш касеро хабар нахоҳам кард

Наме барам зи ту пайванд гар баранд серум

Бтрки сари зи ту қатъ назар нахоҳам кард

Серум хушаст бсўдо агар чаҳ ме донам

Ки бо чунин сару савдо басар нахоҳам кард

Фузулии оташи ғам гар диҳад ббоди маро

Шикоят аз ғами он симбр нахоҳам кард