Ишқат аз доираи ақл бурун кард маро
Дохили силсилаи аҳл ҷунун кард маро
Дар ғами ишқ батон ҳеҷ касе чун ман нест
Назарӣ кун ки ғами ишқи ту чун кард маро
Ман набудам ба ғами ишқи чунин ба тоқат
Камии лутфи ту бисёр забун кард маро
Бомидӣ ки магари таъна занон нашносанд
Шодам аз ашк ки оғишта бхўн кард маро
Руста будам зи гирифтории ширини даҳанон
Бози лаъли ту муқайяд бФсўн кард маро
Кам нашуд бе лаби ширини ту ҷон кандан ман
Ваа ки ин шеваи зи Фарҳод фузун кард маро
зи азал дар дили ман буд фузулии ғами ишқ
Фалаки ошуфта бад-инсон на кунун кард маро