Дар оина чу аксам бар сӯратам назар кард

Бар дидатар ман ӯ низ дида тар кард

Ойӣна нест чун ман дар расми ъшқбозӣ

Гар давр шуд зи ёрӣ ӯро зи дил бадар кард

Аз рашк ё бимирами сар бар надошт аз хок

Ҳар гуҳ ки соя бо ман дар кӯй ӯ гузар кард

Чун соя бар надорам аз хоки кӯй ӯ сар

Шояд ки зон сари кӯи хокии тавон басар кард

Имшаби баҳол зорам мекард шамъи гиря

Гуё ки дар дил ӯ сӯзи дилам асар кард

Ойӣнаро зи ғайрат дидан наме тавонам

Худро чу бар хаданги мижгон ӯ сипар кард

Аз сабр бар наёяд чун кори мо фузулӣ

Дар кори хеш бояд андеша дигар кард