Дил ки аз наргис ӯ чашм нигоҳӣ дорад

Гар наёбад чаҳ аҷаби бахт сиёҳӣ дорад

Ҷой он ҳаст ки чашмам аз ҳамаи олами бандад

Поки чашмӣ ки назар бар рух моҳӣ дорад

Дар раҳи ишқи ту то мурдаи нлоФми зи вафо

Бетариқӣ накунам ишқи ту роҳӣ дорад

Чун насузад дили сўдоздаҳ дар оташи ҳиҷр

Талаби васл ту кардаст ва гуноҳӣ дорад

Зиндаи оби ҳаёту дами исо саҳл аст

Зинда онаст ки ӯ ашкӣ ва оҳӣ дорад

Малик дил нест муносиб ки бимонад вайрон

Аз чаҳ маъмур набошад чу ту шоҳӣ дорад

Нест бе дарди ғаму ғуссаи фузулии нафасӣ

Хусрави кишвар ишқаст сипоҳӣ дорад