Ҳар ки чароғии зи барқ оҳ надорад

Дар шаби ҳиҷрони сӯии ту роҳ надорад

Ҳар ки надорад дилӣ чу оинаи зоҳн

Дар рухи ту тоби як нигоҳ надорад

Ҳар ки надорад сиришку оҳи дамодам

Даъвии ишқ ар кунад гувоҳ надорад

Бе ту саросемаанд ақлу дилу ҷон

Ҳамчуи сипоҳӣ ки подшоҳ надорад

Толиб васласт дил ва лек дамодам

Тоби мулоқоти гоҳ гоҳ надорад

Меҳр ту кардаст чун ҳилоли қадам ро

Онкии ту дорӣ на меҳр моҳ надорад

Аз ғаму андӯҳи рӯзгори фузулӣ

Ҷуз дар пери Муғон паноҳ надорад