Хуши онкии ғами сим барӣ дошта бошад

Вази ғами ҳамаи дами чашм тарӣ дошта бошад

Соҳиб назар онаст ки чун чашми кушояд

Бо моҳи лақое назарӣ дошта бошад

Собит қадам онаст ки ғофил нанишинад

Дар кӯии муҳаббат гузарӣ дошта бошад

Ҳар бехабариро чаҳ кунам бандаи онам

Каз ҳоли дили ман хабарӣ дошта бошад

Бо ҳеҷ ҳунар нест писандидаи ман кас

Гар ишқ баварзад ҳунарӣ дошта бошад

Саҳласт фароғати саги онам ки ҳамеша

Ғамгини дилу хунин ҷгарӣ дошта бошад

Ҷони назри ғами ишқ ту кардаст фузулӣ

Ҳошо ки хаёл дгарӣ дошта бошад