намекунам изҳори ғами соқӣ шаробам ме диҳад
Бетаваққуф ҳарчӣ мегӯям ҷавобам ме диҳад
Чун биафшонад самар таҳрик меёбад дарахт
Чун наризам ашки даврон изтиробам ме диҳад
Ман ба худ саргаштаи олами ним даврони чарх
Ришта карда маро аз заъф тобам ме диҳад
Чун ту дар ҳар тир пайконе надорад чархи дун
намезанад сад тир то як қатра обам ме диҳад
Гар нанӯшам бодаи гулгун малолам ме кашад
Вар банушам таънаи зоҳид азобам ме диҳад
Гоҳи риндами гоҳи зоҳид ваа намедонам чаро
Инқилоби чархи чандин инқилобам ме диҳад
Дар зиёфати хонаи даврони фузулии шокирам
Дидаи пурхӯни шаробам , дил кабобам ме диҳад