Дили асири хами гесуӣ ту шуд
Дидаи ҳайрони ма рӯй ту шуд
Тан чун мӯии маро ҳар сари мӯ
Бастаи силсилаи мӯӣ ту шуд
Сабаби рағбати миҳроби маро
Майли тоқи хами абрӯӣ ту шуд
Боиси шавқи тавофи ҳарамам
Нисбати хоки сари кӯй ту шуд
Ашкам аз ҳар мижа ҳар гӯшаи равон
Бҳўои қади дилҷӯй ту шуд
Хизр гӯйанд бақо ёфт магар
Куштаи ғамзаи ҷодӯӣ ту шуд
Шиква ҳо дошт фузулии з батон
Ту чаҳ кардӣ ки дуъогӯӣ ту шуд