Ҷудо бӯдани зи ёр ва сӯхтан бо доғи ҳиҷронаш

Басии хуштар ки рӯзи васл дидан бо рақибонаш

Ҷудоӣ хоҳам аз ҷонону ғайрати ончнин бояд

Ки худро ҳам нахоҳад ошиқи андари васли ҷононаш

Набинам сӯии он ойӣнаи рухсор чун дорам

зи акс хор мижгонем бар гулбарги хандонаш

Надорам завқӣ аз марги рақибон зонка май тарсам

Бимиради хок раҳ гардад бигирад бози домонаш

Набинад сӯии ман то дар наёбам роҳати мурдан

Чу медонад нахоҳад баради ҷон аз чашми фаттонаш

На ман танҳо ниҳодами сар ба пой ӯ супурдами ҷон

Ҳавои ишқ ӯ дар ҳарки ҳаст инаст пойонаш

Фузулиро ба дарди ишқи воҷиби гашти ҷон додан

намедонам чаҳ дардасти ин ки мумкин нест дирамонаш